Ахбор

Баррасии самтҳои ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ


23 ноябри соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо як ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Антонио Нусифора роҳбари амалия оид ба масъалаҳои сиёсати буҷетию андоз ва рушди иқтисодӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба хулосаҳои лоиҳаи “Маърӯза оид ба рушди иқтисодӣ ва шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон” хусусан масъалаҳои марбут ба рушди бахши молиявӣ, такмили инфрасохтори молиявӣ ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ муҳокимаронӣ карданд.

NBT_1.JPG  

Дар ин замина қайд карда шуд, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таҳкими ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва густариши дастрасии соҳибкорон ба маблағгузорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудаанд.

NBT_2.JPG  

Дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳои Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳаммияти тавсияҳои дар лоиҳа пешниҳодшуда барои рушди минбаъдаи низоми молиявии кишвар ва мавқеи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мазкур баён гардид.

Дар фарҷом ҳарду ҷониб ба идомаи ҳамкории судманд дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи бахши молиявӣ таъкид намуданд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 24

23.11.2026 16:00:00

Возврат к списку