Рӯзҳои 23-24 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишии Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳримҳо баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони сохторҳои зикргардида вобаста ба сиёсати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, тартиби татбиқи онҳо ва таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии маҳдудиятҳои таҳримӣ арзёбӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо барои баргузории семинари омӯзишӣ ва фароҳам овардани имконияти табодули дониш ва таҷриба изҳори сипос намуд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дипломатӣ бо Иттиҳоди Аврупо, идомаи муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ аҳаммияти хос медиҳад. Дар ин замина, равиши созандаи Иттиҳоди Аврупо дар баррасии масъалаи маҳдудиятҳои қаблан ҷойдошта нисбат ба бонкҳои Тоҷикистон ва хориҷ намудани се бонки кишвар аз рӯйхати таҳримҳо ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими эътимоди мутақобил ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дониста мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ коршиносони бахши сиёсати таҳримии Комиссияи Аврупо, намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва мутахассисони бахши хусусӣ таҷрибаи худро дар самти татбиқи чораҳои маҳдудкунанда, арзёбии хавфҳои таҳримӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва густариши амалиёти фаромарзии молиявӣ, дуруст дарк намудани доираи татбиқи таҳримҳо ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ барои мақомоти давлатӣ ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар ин замина, ба зарурати таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, табодули саривақтии иттилоот ва ҳамоҳангсозии корҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати арзёбии ҳамаҷонибаи хавфҳо ва қабули қарорҳои асоснок таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ба рушди ҳамкории касбӣ миёни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили механизмҳои идоракунии хавфҳои марбут ба таҳримҳо мусоидат менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
24.11.2026