Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,4%
  • 3,8%
  • Пулҳои захиравӣ (январ) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)5,21%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    13,46 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    23,54 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    20,77%
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    23,19%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.02.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3661.05 3735.01
10 7202.61 7348.11
20 14271.75 14560.07
50 35450.02 36166.18
100 70780.69 72210.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

03.10.2023 Гулбаҳор Назирӣ бо коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон ҷаноби Бранко Венерт мулоқот намуд

Дар вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир бо коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон ҷаноби Бранко Венерт, ки 2 октябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, масъалаи таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

02.10.2023 Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ

29 сентябри соли 2023 муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо мудири бахши робита бо ташкилотҳои давлатӣ ва суратҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ҷаноби Салем Ал-Ҳармӣ мулоқот намуд.

02.10.2023 Музояда ҷамъбаст гардид

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223007104, ки 02 октябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

30.09.2023 Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меорад

29 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” баргузор гардид.

29.09.2023 Таҳқиқи бозори суғуртаи кишвар аз ҷониби коршиносони байналмилалии TA Consult

27 сентябри соли 2023 дар доираи кумаки техникии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки аз ҷониби гурӯҳи TA Consult татбиқ мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари департаменти амалиётии БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ...

29.09.2023 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223007103, ки 29 сентябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

27.09.2023 Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид

23 сентябри соли 2023 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, аз ҷумла иҷрои корҳо дар самти.....

27.09.2023 Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

26 сентябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шуро - раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва ҳузури ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардид.

26.09.2023 БМТ: Ҳоким Холиқзода ва Эрве Жоли мулоқот намуданд

25 сентябри соли 2023 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо директори Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) ҷаноби Эрве Жоли баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои нави бозомӯзии мутахассисон ва роҳандозии чорабиниҳои таълимӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

26.09.2023 ҶДММ “ЭЙЧ ЭЛ БИ ТОҶИКИСТОН АУДИТ” соҳиби иҷозатнома шуд

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2023, таҳти №105...

26.09.2023 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи холии зерин Озмун эълон менамояд:

25.09.2023 Ташрифи ҳайати БАТР ба БМТ

25 сентябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж вохӯрӣ анҷом дод.

25.09.2023 БА ҶСП “Актив Бонк” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023, таҳти №96 бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон...

25.09.2023 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223007101, ки 25 сентябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

21.09.2023 Вохӯрии Ҳоким Холиқзода бо ҳайати ҶС “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”

20 сентябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-и Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии роҳбари Ҷамъияти саҳомии бонки мазкур Айдос Жумагулов, ки бо сафари корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

21.09.2023 Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии “Такаффул” иҷозатномаи фаъолият дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2023, таҳти №103 дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"...

20.09.2023 “Форуми глобалии сиёсат”

12-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Манилаи Филиппин “Форуми глобалии сиёсат” баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳо ва тибқи даъватномаи Алянс барои фарогирии молиявӣ (АФМ) дар кори Форум ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раис Толибзода Фирдавс Назримад иштирок намуд.

18.09.2023 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223007098, ки 18 сентябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

15.09.2023 Тангаҳои намунаи соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд

Бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023, таҳти №95 тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд.

15.09.2023 Музояда ҷамъбаст гардид

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223007097, ки 15 сентябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

15.09.2023 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин Озмун эълон менамояд:

08.09.2023 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223007095, ки 8 сентябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

07.09.2023 Чароғи иқболи миллати мо ҳамеша фурӯзон ва хуршеди Истиқлоли давлати мо ҳамеша дурахшон бод!

7 сентябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, Гулбаҳор Назирӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид.

06.09.2023 Эълони ҷамъбасти музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К223182094, ки 6 сентябри соли 2023 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

05.09.2023 Cеминари омӯзишӣ баргузор гардид

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии барномаи таълимӣ ҷиҳати бозомӯзии кормандони бонкҳои марказӣ (миллӣ) барои соли 2023, аз таърихи 21 то 25 августи соли 2023 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон, семинар дар мавзуи “Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ)”-ро доир намуд.

05.09.2023 Мукофоти давлатӣ супорида шуд

5 сентябри соли 2023 дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори идораи корҳои Бонки миллии Тоҷикистон Пиров Абубакр Исломович барои фаъолияти босамари меҳнатӣ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.


Ахбор 105 - 130 аз 5114
Аввал | Пешӣ | 3 4 5 6 7 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ