Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи март
    1,8%
  • 10,1%
  • Пулҳои захиравӣ (март), млрд. сомонӣ
    23,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (март)10,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)
    9,59
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)
    12,26
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)
    20,85




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.04.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3307.02 3386.00
10 6527.07 6682.94
20 12908.04 13216.30
50 32031.89 32796.87
100 63899.03 65425.05

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2010

26.07.2010

Бурду бохти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2010, роҳандозии сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, қурби пули миллӣ, ҳаҷми интиқолҳо, рушди низоми бонкӣ, пасандозҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 26 июли соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Тавре дар ибтидои вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода изҳор дошт, дар нимсолаи аввали соли 2010 инкишофи мӯътадили иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат ба мушоҳида расид ва дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд:  Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ  Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД).  Дар давраи ҳисоботӣ ММД 7,4 фоиз афзуда, ба 9,7 млрд. сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 банди фоизӣ зиёд аст.  Таваррум. Дар ин давра меъёри таваррум 2,8 фоизро ташкил дод. Дурнамои таваррум барои соли равон то 9,0 фоиз муайян шудааст.  Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 1688,6 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод ва нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 4,5 фоиз афзуд. Аз он ҷумла: содирот 35,4 фоиз зиёд шуда, 557,1 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод, воридот бошад, 6,1 фоиз кам шуда, ба 1131,5 млн. долл. ШМА баробар шуд. Касри тавозуни савдо нисбат ба нимсолаи аввали соли қаблӣ 27,6 фоиз кам шуда, 574,4 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод.  Интиқолҳо. Ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар ин давра ба 868,8 млн. долл. ШМА баробар шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввал соли гузашта 24,7 фоиз зиёд мебошад. Вазъи макроиқтисодии кишвар сарфи назар аз хавфҳо ва тағйиротҳо дар бозори ҷаҳонӣ мӯътадилӣ ва тақвияти бештари нишондиҳан-даҳоро инъикос намуд.  Сиёсати пулӣ  Дар айни замон меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, мувофиқан барои амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ 7,0 ва 9,0 фоизро ташкил доданд.  Бақияи умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ ба ҳолати 30 июни соли 2010 нисбат ба аввали сол 25,7 фоиз зиёд шуда, ба 441,6 млн. долл. ШМА баробар шуд.  Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 июни соли равон 2272,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 23,5 фоиз (432,4 млн. сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 1,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз он 19,3 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд.  Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот баровардашуда 191,0 млн. сомониро ташкил намуда, 120,7 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.  Рушди низоми бонкӣ  Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 138 адад баробар шуд, аз ҷумла: 14 бонк, 4 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 34 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд, 44 фонди қарзии хурд.  Умуман, низоми бонкӣ новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ имконият пайдо кард, ки ба ҷараёни вусъатёбии бештари унсурҳои бонкӣ комёб шавад.  Пасандозҳо. Дар нимсолаи аввали соли равон афзоиши пасандозҳо нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 38,5 фоизро ташкил дода, ба 2,8 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 49,9 фоиз зиёд гардида, 1,2 млрд. сомониро ташкил доданд. Фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,8 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,9 фоизро ташкил дод. Нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 0,3 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,5 банди фоизӣ кам гардиданд.  Қарзҳо. Тибқи маълумоти фаврӣ бақияи қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ 2,4 фоиз зиёд гардида, ба 5,6 млрд. сомонӣ баробар шуд. Дар таркиби он 71,6 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 28,4 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд.  Мӯҳлати миёнаи қарзҳо дар нимсолаи ҳисоботӣ барои шахсони воқеӣ 370 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 318 рӯз мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,78 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,02 фоизро ташкил доданд.  Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурд 3,5 фоиз зиёд шуда, ба 877,0 млн. сомонӣ баробар шуданд.  Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 2,1 фоиз зиёд гардида, ба 5,3 млн. адад расид. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 56,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 75,1 фоиз афзудааст.  Дар ҷумҳурӣ 8 адад бонкҳо – эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият мекунанд ва 78435 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки афзоиши он 25,3 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани теъдоди банкоматҳо то 193 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 158 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 94 адад мушоҳида шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли қаблӣ афзоиши онҳо назаррас мебошад.  Дар сӯҳбате, ки қариб якуним соат давом намуд, намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба навигариҳо ва проблемаҳои низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, мушкилот ва ҷараёни бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Диданд: 1568

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ