Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    10,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.11.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 470.01 3 552.88
10 6 853.05 7 016.71
20 13 560.01 13 883.84
50 33 661.82 34 465.72
100 67 158.87 68 762.75

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Натиҷаҳои фаъолияти БМТ дар нимсолаи аввали соли 2009

16.07.2009

Масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили ҷараёни татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рушди иқтисодиёти кишвар, натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2009 ва бурду бохти он дар давраи ҳисоботӣ, андешидани чораҳои мушаххас барои кам кардани таъсири манфии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 16 июли соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.  Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2009 тамоили нисбатан мӯътадил дошт. Аз он ҷумла:  1. ММД Нимсолаи аввали с.2008: 6 562,0 млн. сомонӣ, афзоиши воқеӣ 5,8%; Нимсолаи аввали с.2009: 7 826,6 млн. сомонӣ, афзоиши воқеӣ 2,8%.  2. Таваррум Нимсолаи аввали с.2008 8,3% - ро ташкил дода буд; Нимсолаи аввали с.2009 ба 2,8% расид: - нархи маҳсулоти озуқаворӣ 2,1%; - маҳсулоти ғайриозуқа 2,4%; - хизматрасонии пулакӣ 7,3%; Дурнамои таваррум барои с.2009: 13,0%.  3. Тавозуни савдо Гардиши савдои хориҷӣ: 1 615,8 млн. долл. ШМА, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 30,6% кам шуд; Содирот: 411,4 млн. долл., камшавӣ 48,0%; Воридот: 1 204,4 млн. долл., камшавӣ 21,6%; Касри тавозуни савдо: - 793,0 млн. долл., афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3%.  4. Қурби асъори хориҷӣ (доллари ШМА) Нимсолаи аввали с.2009: +27,3%; Нимсолаи аввали с.2008: - 0,98%.  5. Ҳаҷми пул (ба ҳолати 30 июни с.2009) Пулҳои захиравӣ: 1 840,2 млн. сомонӣ, Афзоиш 27,2% (393,6 млн. сомонӣ) нисбат ба ҳамин санаи с.2008; Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот: 1 592,8 млн. сомонӣ, афзоиш 29,6% (363,5 млн. сомонӣ) нисбат ба ҳамин санаи с.2008; Ҳаҷми пул М2 (маълумоти фаврӣ): 1 774,3 млн. сомонӣ, афзоиш 19,9% нисбат ба ҳамин санаи с.2008.  6. Сиёсати пулӣ Меъёри захираҳои ҳатмӣ дар сатҳи 7% ва 9%; Долларикунонии иқтисодиёт зиёда аз 70%; Меъёри бозтамвил аз 13,5% то 9,0% паст карда шуд; Бақияи умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ ба ҳолати 30 июни с.2009 - 184,8 млн. долл. ШМА.  7. Пули нақд Ба ҳолати 30 июни с.2009 маблағи пулҳои ба муомилот баровардашуда 1 633,9 млн. сомониро ташкил дод, ки 1 616,3 млн. сомонии он пулҳои коғазӣ ва 17,6 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар нимсолаи ҳисоботӣ аз тарафи БМТ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба маблағи 159,7 млн. сомонӣ пулҳои коғазии фарсуда аз муомилот гирифта шуданд.  8. Низоми бонкӣ Ташкилотҳои қарзӣ 126 адад: 12 бонк ва 114 ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз он ҷумла: 8 ҷамъияти қарздиҳӣ, 20 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд, 43 фонди қарзии хурд. Дороиҳои умумӣ: 6 932,0 млн. сомонӣ, афзоиш 7,8%; Ӯҳдадориҳои умумӣ: 5 767,0 млн. сомонӣ, афзоиш 2,9%; Сармояи тавозунӣ: 1 165,0 млн. сомонӣ, афзоиш 41,8%.  9. Амонатҳо (маълумоти фаврӣ) Бақияи умумӣ: ба ҳолати 30 июни с.2008: 1 784,6 млн. сомонӣ; ба ҳолати 30 июни с.2009: 2 146,8 млн. сомонӣ; - афзоиш нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 20,3%. Амонатҳои шахсони воқеӣ 853,3 млн. сомонӣ, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 27,8% афзуданд. Амонатҳо бо пули миллӣ 659,7 млн. сомонӣ, афзоиш нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 12,3%. Фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор: 17,5% бо пули миллӣ ва 15,7% бо асъори хориҷӣ.  10. Қарзҳо (маълумоти фаврӣ) Бақияи умумӣ: ба ҳолати 30 июни с.2008: 4 539,0 млн. сомонӣ; ба ҳолати 30 июни с.2009: 5 489,0 млн. сомонӣ; - афзоиш 20,9% нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ. Бо пули миллӣ 11,8% ва бо асъори хориҷӣ 28,9% афзуд; Ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ 43,0% ва бо асъори хориҷӣ 57,0%-ро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи аввали с.2009-ум 2 158,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7% афзуд. Ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда дар нимсолаи аввал 1 529,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,0% зиёд аст. Ҳаҷми қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат—4 487,9 млн. сомонӣ; Ҳаҷми қарзҳои дарозмӯҳлат—1 001,1 млн. сомонӣ; - мӯҳлати миёна аз 343 то 365 рӯз расид; Фоизи миёнавазни қарзҳо: 24,3% бо пули миллӣ ва 24,4% бо асъори хориҷӣ.  11. Қарзҳои хурд (маълумоти фаврӣ) Нимсолаи аввали с.2008: 884,2 млн. сомонӣ; Нимсолаи аввали с.2009: 848,6 млн. сомонӣ. - камшавӣ нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 4,0% (35,6 млн.сом.);  12. Низоми пардохт Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 5 205,7 ҳазор адад, афзоиш нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 39,0%; Ҳаҷми умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 32 202,7 млн. сомонӣ, камшавӣ нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 7,7%. 7 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пластикӣ амал мекунанд; 63 431 адад кортҳои пластикӣ мавҷуд аст, афзоиш 38,0%; дорандагони кортҳо—62 593 нафар, афзоиш 41,6%; 149 адад - банкоматҳо, афзоиш 38%; 138 адад—терминалҳои пешниҳоди пули нақд, афзоиш 35,3%; 84 адад – терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, афзоиш 29,2%.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Диданд: 1469

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ