Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    10,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-сентябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    22,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    20,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.11.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 473.01 3 555.95
10 6 859.05 7 022.86
20 13 572.00 13 896.13
50 33 691.81 34 496.43
100 67 218.86 68 824.17

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллии Тоҷикистон: Натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2009

22.04.2009

Масъалаҳои муҳими низоми бонкдорӣ, инкишофи иқтисоди кишвар ва проблемаҳои дигари соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 22 апрели соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2009 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрии мазкур аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.  Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 тамоили нисбатан мӯътадил дошт. Аз он ҷумла:  1. ММД. Дар семоҳаи якуми с.2008: 2 725,7 млн. сомонӣ, афзоиши воқеӣ 3,2%; Дар семоҳаи якуми с.2009: 3 312,5 млн. сомонӣ, афзоиши воқеӣ 3,5%;  2. Таваррум. Дар семоҳаи якуми с. 2008 2,6%-ро ташкил дода буд; Дар семоҳаи якуми с.2009 ба 1,2% расид: - нархи маҳсулоти озуқаворӣ 0,6%; - маҳсулоти ғайриозуқа 0,4%; - хизматрасонии пулакӣ 5,6%; Дурнамои таваррум барои с.2009: то 13,0%.  3. Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ: 801,2 млн. долл., 22,4% кам шуд; Содирот: 174,4 млн. долл., камшавӣ 48,3% (алюминий, нахи пахта ва растанӣ); Воридот: 626,8 млн. долл., камшавӣ 9,9% (маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона); Касри тавозуни савдо: - 452,4 млн. долл. (58,7% ММД), афзоиш 26,3%;  Сабабҳои асосӣ: (маълумоти семоҳаи якуми с.2009) а) пастравии нархи маҳсулоти содиротӣ; б) коҳиш ёфтани рушди истеҳсолот дар корхонаҳои содиркунанда.  4. Қурби сомонӣ. (нисбати доллари ШМА) Дар семоҳаи якуми с.2009 10,5% поён рафт; (нисбати рубли русӣ) қурби расмӣ 3,4% поён рафт (дар семоҳаи аввали с.2008-ум 3,5% заиф гашта буд).  5. Ҳаҷми пул. (ба ҳолати 31 марти с.2009) Пулҳои захиравӣ: 1 663,0 млн. сомонӣ, афзоиш 15,1% (218,1 млн. сомонӣ) нисбат ба ҳамин санаи с.2008; Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот: 1 418,7 млн. сомонӣ, афзоиш 24,9% (282,8 млн. сомонӣ) нисбат ба ҳамин санаи с.2008; Ҳаҷми пул М2 (маълумоти фаврӣ): 1 718,2 млн. сомонӣ, афзоиш 23,0% нисбат ба ҳамин санаи с.2008.  6. Сиёсати пулӣ. Меъёри захираҳои ҳатмӣ дар сатҳи 9% ва 11% бетағйир монд; - долларикунонии иқтисодиёт зиёда аз 65%; - меъёри бозтамвил аз 13,5% то 12,0% паст карда шуд; Бақияи умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ ба ҳолати 1 апрели с.2009-ум 174,96 млн. долл. ШМА ташкил дод (дар охири с.2008 ба 198,58 млн. долл. баробар буд).  7. Низоми бонкӣ. (маълумоти фаврӣ) Ташкилотҳои қарзӣ 121 адад: 12 бонк ва 109 ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, аз ҷумла: 8 ҷамъияти қарздиҳӣ, 18 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 41 ташкилоти қарзии хурд, 42 фонди қарзии хурд; Дороиҳои умумӣ: 6 303,0 млн. сомонӣ, афзоиш 0,6 %; Ӯҳдадориҳои умумӣ: 5 214,0 млн. сомонӣ, камшавӣ -5,2%; Сармояи тавозунӣ: 1 089,9 млн. сомонӣ, афзоиш 42,3 %.  8. Амонатҳо. Бақияи умумӣ: ба ҳолати 31 декабри с.2008: 1 914,4 млн. сомонӣ; ба ҳолати 31 марти с.2009: 1 946,9 млн. сомонӣ; - афзоиш нисбат ба аввали сол 1,7%; Амонатҳои шахсони воқеӣ 789,8 млн. сомонӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,0% афзуданд; Амонатҳо бо пули миллӣ 628,5 млн. сомонӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9% афзуданд; Фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор: 13,9% бо пули миллӣ ва 17,4% бо асъори хориҷӣ.  9. Қарзҳо. (маълумоти фаврӣ) Бақияи умумӣ: ба ҳолати 31 марти с.2008: 4 318,6 млн. сомонӣ; ба ҳолати 31 марти с.2009: 5 014,4 млн. сомонӣ; - афзоиш 16,1% нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ; Бо пули миллӣ 18,4% ва бо асъори хориҷӣ 14,2% афзуд; Ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ 47,5% ва бо асъори хориҷӣ 52,5% ташкил медиҳанд; Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ 984,9 млн. сомонӣро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3% афзуд; Ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда 830,6 млн. сомонӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,7% афзуд; Ҳаҷми қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат 4 270,8 млн. сомонӣ; Ҳаҷми қарзҳои дарозмӯҳлат 743,5 млн. сомонӣ; - мӯҳлати миёна аз 343 то 365 рӯз расид; Фоизи миёнавазни қарзҳо: 25,0% бо пули миллӣ ва 24,5% бо асъори хориҷӣ.  10. Қарзҳои хурд. (маълумоти фаврӣ) Дар семоҳаи якуми с.2008: 383,4 млн. сомонӣ; Дар семоҳаи якуми с.2009: 401,3 млн. сомонӣ; - афзоиш нисбат ба соли гузашта 17,9 млн. сомонӣ ё 4,7%;  Аз он ҷумла, ба н. кӯҳистон додашуда 102,2 млн. сомонӣ: - афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн. сомонӣ ё 5,3%; Шумораи қарзҳои хурд: - дар семоҳаи аввали с.2008: 75,0 ҳаз. адад; - дар семоҳаи аввали с.2009: 76,5 ҳаз. адад, афзоиш 2,0%;  11. Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 2 349,6 ҳазор адад, афзоиш нисбат ба семоҳаи соли гузашта 53,1%; Ҳаҷми умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 14 915,7 млн. сомонӣ, камшавӣ нисбат ба семоҳаи соли гузашта 3,7%; - 7 адад шумораи бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пластикӣ; - 59 214 адад шумораи кортҳои пластикӣ, афзоиш 46,4%; - 58 153 нафар дорандагони кортҳо, афзоиш 47,9%; - 131 адад банкоматҳо, афзоиш 39,4%; - 119 адад нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, афзоиш 20,2%; - 80 адад терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, афзоиш 40,3%.  Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма асосан ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили болоравии қурби доллари ИМА, интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, сабаби болоравии нархҳо, қарзи навбатии ХБА ба Тоҷикистон, ворид намудани тағйирот ба қонунҳои бонкӣ, натиҷаи аудити аз ҷониби ширкати байналмилалии “Earnst & Young” гузаронидашуда, хазинаи захираҳои ҳатмӣ, ҳалли масъалаҳои қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, мушкилоти бозгашти онҳо, пардохти қарзҳои Хазинаи байналмилалии асъор, меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ташкили бонки муштараки давлатҳои форсизабон ва ғайра мароқ зоҳир намуданд.  Дар фуроварди нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода ва бархе аз муовинон ва сардорони Идораҳои бонк ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Диданд: 2198

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ