Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи март
    1,8%
  • 10,1%
  • Пулҳои захиравӣ (март), млрд. сомонӣ
    23,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (март)10,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)
    9,59
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)
    12,26
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)
    20,85




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.04.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3307.02 3386.00
10 6527.07 6682.94
20 12908.04 13216.30
50 32031.89 32796.87
100 63899.03 65425.05

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2008

23.07.2008

23 июли соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли 2008 ҷамъбаст гардиданд. Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи январ-июни соли равон афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.  Дар нимсолаи аввали соли 2008 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бо нархҳои ҷорӣ 6 562,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 5,8 фоиз баробар шуд. Афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 7,6 фоиз ва хизматрасонӣ 16,9 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 фоиз кам шуд, ки ин дар натиҷаи маҳдуд будани қувваи барқ дар моҳҳои аввали соли равон ба вуқӯъ пайваст.  Музди миёнаи номиналӣ дар зарфи 5 моҳи соли 2008 мӯътадил афзуда, дар моҳи май маблағи 221,5 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,4 баробар зиёд аст. Даромадҳои пулии аҳолӣ бошад, мувофиқи маълумотҳои пешакӣ 3 552,9 млн. сомониро ташкил намуда, дар муқоиса бо соли гузашта 40,3 фоиз зиёд шудаанд.  Иброз гардид, ки сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8,3 фоизро ташкил дод. Дар сохтори таварруми бавуқӯъомада воқеан саҳми болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокӣ 8,8 фоиз (биринҷ, орд, гӯшт, бехпиёз), маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 2,6 фоиз (масолеҳи бинокорӣ, бензин) ва хизматрасонии пулӣ 18,2 фоиз (ҳаққи пардохти газ, қувваи барқ ва чиптаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан) зиёд аст.  Дар соли 2008 бо назардошти татбиқи барномаҳои молиявию иқтисодӣ ва болоравии нархҳои маводи озуқа ва сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ таваррум дар сатҳи то 15,0 фоизи солона дар назар аст.  Номбурда иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2008 қурби расмии мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 0,98 фоиз ё худ аз 3,4649 сомонӣ то ба 3,4308 сомонӣ устувор гардид. Дар навбати худ қурби мубодилавии сомонӣ дар муқоиса нисбати сабади асъорҳои дар ҷумҳурӣ бештар истифодашаванда (долл.ИМА, рубли Русия ва евро) дар ҳамин давра динамикаи тағйирёбии нисбатан мӯътадилро соҳиб гашт.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода изҳор намуд, ки меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра бо сабаби тағйирёбии вазъи макроиқтисодӣ чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ дар бозорҳои хориҷӣ тағйир дода шуда, ҳоло ба андозаи 14,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.  Ҳамзамон ҷиҳати устувор намудани қурби пули миллӣ ва ҷалби бештари амонатҳо бо асъори миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ меъёри захираҳои ҳатмиро тағйир дод. Ин меъёр аз рӯи амонатҳо бо асъори миллӣ 9,0 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 11,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад.  Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 2008 аз 12 бонки тиҷоратӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 7 ҷамъияти қарздиҳӣ, 11 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 30 ташкилоти қарзии хурд ва 40 фондҳои қарзии хурд иборат мебошад. Шумораи умумии шӯъбаҳо ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ бошад, дар ҷумҳурӣ дар ин давра ба 221 адад расид.  Айни замон нишондиҳандаҳои молиявии низоми бонкӣ таҳким ёфта истодаанд. То 1 июни соли 2008 дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ 6 358,0 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 маротиба зиёд аст.  Дар рафти нишасти матбуотӣ маълум гардид, ки ҳаҷми умумии бақияи амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ то 1 июни соли ҷорӣ маблағи 2 064,3 млн. сомониро ташкил доданд. Дар таркиби амонатҳо 68,2 фоизро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 31,8 фоизро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд. Фоизи миёнавазни амонатҳо дар давоми ин давра мӯътадил буда, аз рӯи амонатҳои мӯҳлатдор 16,0 фоиз бо пули миллӣ ва 15,0 фоизро бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.  Тибқи маълумотҳои фаврӣ бақияи умумии қарзҳои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли ҷорӣ маблағи 4 539,0 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 62,3 фоиз зиёд шуд. Дар таркиби ҳаҷми бақияи қарзҳо 46,5 фоизи қарзҳоро пули миллӣ ва 53,5 фоизи онро асъори хориҷӣ ташкил доданд.  Умуман, ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 1 680,6 млн. сомонӣ ва ҳаҷми қарзҳои пардохтшуда ба 1 133,0 млн. сомонӣ расид.  Рафти маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи механизми нави маблағгузорӣ нишон дод, ки то 4 июли соли равон дар ҷумҳурӣ ба 5 546 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ барои 188 769 га майдони пахтазор маблағи умумии 248,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки аз он 107,4 млн. сомонӣ ё 43,2 фоиз аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, 54,9 млн. сомонӣ ё 22,1 фоиз аз ҳисоби ташкилотҳои қарзӣ ва 86,4 млн. сомонӣ ё 34,7 фоиз аз ҳисоби сармоягузорон амалӣ карда шудааст.. Қобили қайд аст, ки ба 1 га майдони кишти пахта 1 317 сомонӣ рост меояд.  Ба замми ин, тавре аз маълумотҳои фаврӣ бармеояд, аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи аввали соли 2008 ба маблағи 884,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 446,7 млн. сомонӣ ё 2,0 баробар афзуд. Аз он ҷумла, дар вилояти Суғд 307,5 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 221,8 млн. сомонӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42,4 млн. сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 151,4 млн. сомонӣ ва шаҳри Душанбе 161,1 млн. сомониро ташкил дод.  Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори умум чун анъана асосан ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили ҳалли масъалаҳои қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, пешниҳоди қарзи ипотекӣ, паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ, меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои ҳатмӣ ва ғайра мароқ зоҳир намуданд.  Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил доданд.

Диданд: 1304

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ