Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,7%
  • 9,5%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ
    22,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Январ)10,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 05.03.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3205.52 3282.08
10 6324.07 6475.10
20 12502.05 12800.62
50 31016.93 31757.67
100 61869.10 63346.64

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Баромади Раиси бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар нишасти матбуотӣ (БМТ, 08. 11. 2007)

09.11.2007

Рӯзҳои охир дар байни аҳолии ҷумҳурӣ овозаҳое паҳн шудаанд, ки гӯё орд ва гандум камёфт шуда нархи он боз ҳам меафзояд.  Ин овозаҳои беасос ва бофта, аҳолиро ба захира намудани ин маводҳо равона намуда, исрофкории барзиёд ва номӯътадилии бозори озуқаро пайдо мекунад.  Ба таваҷҷуҳи аҳолӣ мерасонем, ки чунин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.  Тайи солҳои охир нархи гандум ва орд дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва минтақа муътадил истода буд, вале дар ҳақиқат дар моҳҳои охир нархи гандум ва орд дар миқёси ҷаҳон баланд гардид ва ин тағйирёбии нарх дар ҳама кишварҳои минтақа, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ ҷой дошт.  Аз сабабе, ки кишвари мо воридкунандаи ин намуди маҳсулот аст, нархи гандум ва орд дар бозорҳои ватанӣ афзуд ва имрӯз ба нуқтаи максималӣ расидааст. Агар мо ба овозаҳо бовар намуда ба саросемагӣ роҳ диҳем, ин метавонад ба бештар баланд гардидани нарх ва номӯътадилии бозор оварда расонад.  Аз ҷониби дигар дахолати маъмурии ҳокимиятҳои иҷроияи маҳаллӣ оиди танзими нархҳо ба камомади (дефетсит) ин маҳсулот меоварад. Аз ин рӯ нарх дар бозор бояд озод бошад ва онро танҳо талаботу таклифоти мол муаян намояд.  Талаботи аҳолӣ ба маводи озуқа асосан аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии воридоти гандум 205,4 ҳазор тонна, орд 332,3 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 43,5 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бештар 8,9 ҳазор тонна гандум, 66,1 ҳазор тонна орд ва 6,9 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид карда шудааст.  Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам - Эмомалӣ Раҳмон ҳама сохторҳои дахлдори давлатӣ омода шудаанд, ки воридоти гандум ва ордро ба ҷумҳурӣ ба пуррагӣ таъмин намоянд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҳукуматҳои Федератсияи Русия ва Қазоқистон оиди содирот ва воридоти гандуму орд шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дар айни замон ширкату ташкилотҳои воридкунандаи ҷумҳурии мо бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи ин кишварҳо шартномаҳо баста, маблағҳои заруриро барои мунтазам ворид намудани гандум ва орд ҷудо намудаанд.  Ғайр аз ин, захираҳои давлатии ин намуди маҳсулот низ афзудааст ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли ҷорӣ то 800 ҳазор тонна гандум ва орд ба ҷумҳурӣ ворид гардад, ки нисбат ба соли 2006-ум қариб 150 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳамзамон, истеҳсоли орд дар комбинатҳои ордистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли он зиёд мегардад.  Бо боварии комил гуфта метавонем, ки миқдори зарурии орд ва гандум харидорӣ гардида, захира шудааст. Ин миқдор маҳсулот барои мӯътадил нигоҳ доштани бозор ва пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ба орду гандум имконият медиҳад.

Диданд: 1572

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ