Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,7%
  • 9,5%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ
    22,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Январ)10,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.02.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3352.87 3432.94
10 6618.76 6776.83
20 13091.43 13404.08
50 32490.38 33266.31
100 64816.00 66363.92

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
  • Яндекс.Метрика

Нишасти матбуотӣ: Натиҷаҳои фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар нӯҳмоҳаи соли 2007

24.10.2007

24 октябри соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нӯҳмоҳаи соли 2007 ҷамъбаст гардид.  Сароғоз дар назди рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Эшов суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи январ-сентябри соли равон афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.  Сатҳи таваррум дар аввали нӯҳ моҳи соли равон нисбатан мӯътадил буда, вале аз моҳи июл сар карда, арзиши маҳсулоти аввалияи рӯзгор, аз қабили орду гандум ва сӯзшиворӣ тағйир хӯрда, таваррум дар моҳи сентябр 6,3 фоиз ва дар ин давра ба 12,3 фоиз расид. Сохтори таваррум дар ин давра бо сабаби болоравии нархи маводи хӯрокворӣ ба 15,2 фоиз, маводи ғайрихӯрокворӣ 3,8 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 15,9 фоизро ташкил дод.  Номбурда иброз дошт, ки дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои қаблӣ амонатҳо дар муқоиса бо солҳои гузашта тамоюли нисбатан зиёдшавиро дар худ доштанд ва аз аввали сол 87,6 фоиз афзуда, дар интиҳои давра 2071,1 млн. сомониро ташкил намуданд. Дар таркиби амонатҳо афзоиши бештарро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки нисбат ба аввали сол мутаносибан 51,1 фоиз зиёд шуда, 460,1 млн. сомониро ташкил намуданд.  Ҳамчунни қайд гардид, ки сохтори ҳаҷми умумии амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ 1611,0 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин бо асъори хориҷӣ 1238,9 млн. сомонӣ ва бо пули миллӣ 327,1 млн. сомониро дар бар мегирад.  Дар давраи баррасишаванда ҷараёни афзоиши қарздиҳӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бақияи маблағгузории қарзӣ нисбати соли қаблӣ 29,2 фоиз зиёд шуда дар маҷмӯъ 3148,6 сомониро ташкил намудааст. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо ба таври зерин сурат гирифтааст: соҳаи саноат 294, 1 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 1608, 1 млн. сомонӣ, шахсони воқеӣ 329,3 млн. сомонӣ, савдо ва хӯрока 196,9 млн. сомонӣ, фаъолияти тиҷоратӣ 434, 1 млн. сомонӣ ва дигар соҳаҳо 286, 1 млн. сомонӣ.  Зикр гардид, ки дар охири давра қарзҳои додашуда 2063,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 72,6 фоиз боло рафта, пардохти қарз дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,3 фоиз афзуда, маблағи 1331,3 сомониро ташкил кардааст.  Дар давраи ҳисоботӣ ҷараёни вусъатёбии фаъолияти низоми бонкӣ идома ёфта, тақвияти вазъи молиявии бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ва теъдоди зиёдшавии филиалҳои бонкҳо мушоҳида гардид. Аз ҷумла ҳисоботи низоми бонкӣ аз ташкилотҳои зерин иборат гардид: - 9 бонки мустақил; - 1 шӯъбаи бонки хориҷӣ; - 8 ҷамъияти қарздиҳӣ; - 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ; - 7 ташкилоти амонатии кредитии хурд; - 24 ташкилоти қарзии хурд; - 38 фонди қарзии хурд.  Вазъи нишондиҳандаҳои маҷмӯи ташкилотҳои қарзӣ чунинанд:  - дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ) 4011,5 сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол 1617,5 сомонӣ ё 67,6 фоиз афзудааст;  - ӯҳдадориҳои умумӣ 3439, 2 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол 1426, 1 сомонӣ ё 70,8 фоиз афзудааст;  - сармояи умумии тавозунӣ 527,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аавали сол 192,6 сомонӣ ё 50,7 фоиз зиёд шудааст.  Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин қайд гашт, ки гардиши савдои хориҷӣ дар давраи январ-сентябри соли равон 2453,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Содироти мол дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,0 фоиз афзуда, 986, 0 млн. доллари Амрико ё 46,6 фоизро нисбат ба ММД ташкил намудааст. Иброз гардид, ки воридоти молҳо дар давраи ҳисоботӣ 35,5 фоиз афзуда, 1467, 5 млн. долари ИМА ё 69,4 фоизро нисбат ба ММД ташкил додааст. Сохтори молии воридот аз маҳсулоти истеъмолӣ, маҳсулоти тайёри хӯрока, маҳсулоти маъданӣ, васоити нақлиёт, мошин ва таҷҳизот иборат мебошад.  Дар фарҷоми нишасти матбуот муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Эшон, ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил дод.

Диданд: 6167

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ