Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,7%
  • 9,9%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    23,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Феврал)10,57
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)
    9,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)
    24,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)
    12,50
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    21,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,48




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 12.04.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3277.75 3356.03
10 6468.52 6623.00
20 12790.96 13096.43
50 31739.19 32497.18
100 63313.61 64825.66

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти муҳим дар Бонки миллии Тоҷикистон

25.09.2007

24 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисоди Давлатов М., Вазири молия Наҷмиддинов С., Вазири рушди иқтисод ва савдо Бобозода Г., Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлатӣ Раҳимзода Ш. ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардон М. бо Директори бюрои Аврупо, Шарқи наздик, Амрико, Осиёи марказӣ ва шарқии Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир хонум Сю Вордел ва сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи марказии вазорати номбурда хонум Полин Хейс баргузор гардид.  Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисоди Давлатов М., меҳмононро бо вазъи ҷамъиятию иқтисодии ҷумҳурӣ, дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, фазои инвеститсионӣ, ҷанбаҳои афзалиятноки инкишофи истеҳсолот ва сохтмони нирӯгоҳҳои обию барқӣ шинос намуд.  Хонум Сю Вордел дар навбати худ изҳор дошт, ки намояндагии Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқии кӯмакрасон дар масъалаҳои дастгирии татбиқи барномаҳое, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳӯрӣ равона карда шудаанд, фаъолияти худро пеш мебарад. Дар айни замон амалӣ намудани як зумра лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои рушди ичтимоӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, идораи молияи давлатӣ ва бахши об идома доранд. Вазорат инчунин дар гузаронидани санҷиш ва баҳодиҳии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон кӯмаки машваратӣ анҷом медиҳад.  Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои амалкунандаи муштарак, муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Ҳукумати ҶТ ва Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Маълумоти мо: Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир вазорати Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳида ба шумор рафта, мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ, мусоидат ба рушди устувор ва ба даст овардани мақсадҳои нақшаҳои инкишофи Ҳазорсола мебошад. Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 2003 оғоз намудааст.

Диданд: 1222

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ