Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,7%
  • 9,5%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ
    22,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Январ)10,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 09.03.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3177.51 3253.39
10 6268.04 6417.74
20 12389.99 12685.89
50 30736.79 31470.84
100 61308.81 62772.97

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

31.08.2007

Ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии сарвари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа 30 августи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф овард.  Худи ҳамон рӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти ҳайат бо дастаи иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он мақсади ташрифи ҳайат ва ҳамчунин дастовардҳо дар бахши макроиқтисодӣ баррасӣ гардиданд.  Сарвари ҳайат оид ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки мақсади асосии ташрифи он муҳокимаи сиёсати макроиқтисодӣ дар охири соли 2007 ва андозањои васеи буҷети давлатии соли 2007 бо назардошти таъмини сиёсати мутавозун барои паст кардани сатҳи таваррум мебошад. Ба даст овардани ин мақсад, - ба андешаи ҷаноби Пинеруа, - сиёсати омехтаи макроиқтисодиро, ки дар заминаи на танҳо мавқеи мустаҳками андозу буҷет, балки дар асоси сохтори боэътимоди сиёсати пулию қарзӣ амалӣ мегардад талаб менамояд.  Дар ҷараёни ташрифи худ ҳайати ХБА ният дорад якчанд вохӯриҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи иқтисодӣ, роҳбарият ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакат ва ташкилотҳои байналхалқӣ анҷом бидиҳад.  Аъзои ҳайат дар мулоқотҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои зеринро, аз қабили ҳолати тавозуни пардохт дар соли 2007 ва дурнамои он дар соли 2008, рушди вазъи монетарӣ ва барномаи монетарӣ, ояндаи барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ ва инкишофи бозори байнибонкӣ, рушди соҳаи бонкӣ ва назорати бонкӣ, дастовардҳо дар соҳаи ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва ғайра муҳокима хоҳанд кард.  Дар назар аст, ки дар анҷоми ташрифи ҳайати ХБА барои намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир карда мешавад.  6 сентябри соли равон ҳайати ХБА кори худро анҷом медиҳад.

Диданд: 1337

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ