Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,7%
  • 9,5%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ
    22,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Январ)10,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 09.03.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3177.51 3253.39
10 6268.04 6417.74
20 12389.99 12685.89
50 30736.79 31470.84
100 61308.81 62772.97

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо ҳайати муштараки БҶ ва ХБА

28.08.2007

29 августи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти БМТ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо ҳайати муштараки Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Ҳурмуз Агдей, ки бо мақсади арзёбии бахши молиявии мамлакат дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.  Роҳбар ва аъзои ҳайати номбурда Барномаи арзёбии ниҳоии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки ҳайати мазкур дуюмин ба шумор рафта, он муайян намудани паҳлӯҳои пурқувват ва заифи макроиқтисодӣ, хавфҳо ва масъалаҳои пардохтпазириро дар бар мегирад. Меҳмонон диққати аҳли нишастро ба ҷанбаҳои мусбии инкишофи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои он ҷалб намуданд.  Аз он ҷумла, қайд гардид, ки низоми бонкӣ устуворона инкишоф меёбад, ҳаҷми амонатҳо ва пешниҳоди қарзҳо меафзояд, пешравии кор дар назорати бонкии БМТ ба назар мерасад, дастрасии озод ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба даст омада истодааст, мӯҳлати пардохти қарзҳо дароз гашта, корҳои назаррас дар ҷодаи рушд ва таҳкими бахши суғурта ва ғайра идома доранд.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон дар навбати худ ба аъзои ҳайати муштарак барои арзёбии ҳамаҷонибаи бахши молиявии мамлакат ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманди сеҷониба байни БМТ, ХБА ва БҶ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Диданд: 1480

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ