Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3036.24 3108.75
10 5985.51 6128.46
20 11824.93 12107.33
50 29324.13 30024.44
100 58483.50 59880.19

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Авросиё баргузор гардид

07.06.2007

Тавре хабар дода будем, 7 июни соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор гардид. Дар кори он ҳайатҳои зерин: Бонки марказии Белорус таҳти сарварии муовини аввали раиси раёсат Алимов Ю.М., Бонки миллии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раис Тоҷияков Б.Ш., Бонки миллии Қирғизистон таҳти сарварии муовини раиси раёсат Абдибали тегин Суеркул, Бонки марказии Русия таҳти роҳбарии муовини раис Можайсков О.В., Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раис Эшов Ҷ.К., Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини раис Эшматов М. Ё., Бонки байнидавлатӣ дар симои Туркадзе А. В., ҳамчунин намояндагони Оҷонсии Ҷумҳурии Казоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва муносибатҳои молиявӣ ва Бонки Авросиё ширкат варзиданд.  Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Эшов оғоз намуда, ба иштирокдорони фаъолияти босамар барои тавсиаи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо орзу намуд.  Иштирокдорони ҷаласа мушовири калони Президенти Бонки байнидавлатӣ В. Комаровро ба вазифаи котиби масъули Шӯро интихоб намуданд. Сипас, муҳокима ва ба эътибор гирифтани рафти иҷрои қарорҳои 16-умин ҷаласаи Шӯро баргузор гардид. Ҳамчунин, ахбори Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди корҳои анҷомдодашуда дар ҷодаи ҳамроҳшавӣ ба санадҳои аз ҷониби Шӯро ба имзорасида, ба эътибор гирифта шуд.  Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи номбурда рафти иҷрои Накшаи чорабиниҳо оиди амалӣ намудани Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё дар бахши асъор аз 21.10. с. 2005, ки аз ҷониби Бонки марказии Русия омода карда шудааст, муҳокима гардид.  Бонки миллии Белорус ба иштирокдорони ҷаласа барои баррасӣ масъалаи мавқеъҳо оиди ташкили идора ва назорат аз болои амалиётҳои хавфӣ дар давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё пешниҳод намуд.  Аз ҷониби Оҷонсии Ҷумҳурии Казоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва муносибатҳои молиявӣ маърӯза дар бораи амалияи ташаккули захираҳо барои талафоти эҳтимолӣ омода ва пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Қайд гардид, ки талабот оиди ташаккули ҳатмии захираҳо барои талафоти эҳтимолӣ аз рӯи таснифот аз ҷониби бонкҳо дар қонунгузории тамоми мамлакатҳои иттиҳод нишон дода шудааст.  Иштирокдорони ҷаласа лоиҳаи Тавсияҳоро оиди инкишофи сохтори бозори пулӣ ва асъории давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баррасӣ намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки идома додани чорабиниҳое, ки ба беҳбудии фаъолияти бозорҳои пулию асъории давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё равона карда шудаанд, бо назардошти хусусиятҳои инкишофи иқтисодиёти миллӣ ва минбаъд либерализатсия намудани амалиётҳо дар бозорҳои пулию асъорӣ нигаронида шудааанд, мувофиқи мақсад мебошад.  Ҳозирин регламентҳои эҳтимолии таъсири Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиёро бо Бонки байнидавлатӣ дар чаҳорчӯбаи механизми пардохти Бонки байнидавлатӣ бо истифода аз асъори миллии мамолики узви иттиҳод муҳокима намуданд.  Дар ҷараёни ҷаласа талаботҳо нисбати иштирокдорони бозори якҷояшудаи асъори давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё, ки барои таъмини шароити ягона ҳангоми гузаронидани амалиётҳои конверсионии байнибонкӣ равона карда мешаванд, баррасӣ гардиданд.  Иштирокдорони ҷаласа ахбори Бонки миллии Қирғизистон оиди рафти иҷрои “Самтҳои асосии ҳамкорӣ оиди масъалаҳои истеҳсоли пул, инкишофи бозори нумизматӣ, сикказании тангаҳои хотиравӣ ва коллексионӣ, мубориза алайҳи қалбакисозӣ” дар солҳои 2006-2010 ба инобат гирифта шудаанд ва дар чахорчӯбаи он:  - Созишнома оиди ҳамкории иттилоотӣ ва табодули таҷриба дар бахши мубориза алайҳи қалбакисозӣ ба имзо расид;  - Барнома оиди ташкили намоишгоҳҳои сайёри байналхалқии пулҳои амалкунандаи миллӣ дар мамлакатҳои иттиҳоди иқтисодии Авросиё барои солҳои 2007-2012 ва Барномаи байналхалқии тавлид ва фурӯши тангаҳои коллексионӣ ва металҳои қиматбаҳои мамолики иттиҳоди иқтисодии Авросиё барои солҳои 2008-2011 тасдиқ гардиданд.  Дар ҷараёни ҷаласаи номбурда Барномаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и иттиҳоди иқтисодии Авросиё барои солҳои 2007-2008, лоиҳаи созишнома оиди принсипҳои асосии сиёсати асъории давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар бобати танзим ва назорати амалиётҳои алоқаманд ба ҳаракати сармоя қабул ва тасдиқ гардиданд.  Дар чаҳорчӯбаи ҷаласа Меморандум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Белорус оиди ҳамдигарфаҳмӣ дар бахши назорати бонкӣ ба имзо расонида шуд.  Баъди анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и иттиҳоди иқтисодии Авросиё барои намояндагони васоити ахбори умуми дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир карда шуд.

Диданд: 1434

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ