Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,2%
  • 4,2%
  • Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ
    38,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (декабр)11,49%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)
    10,43 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)
    23,34 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)
    16,15 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)
    19,97 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)
    17,57 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 27.01.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3303.87 3370.61
10 6520.60 6652.33
20 12894.84 13155.34
50 31998.47 32644.91
100 63831.88 65121.41

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ҳайати навбатии ХБА ба Тоҷикистон омад

11.05.2007

10 майи соли равон ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа ба мамлакати мо омад. Мақсади асосии ҳайат аз шинос намудани роҳбарияти сиёсии мамлакат бо натиҷаҳои муҳокимаи моддаи IV аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА, ки 28 марти соли ҷорӣ дар Вашингтон баргузор гардида буд, иборат мебошад.  Худи ҳамон рӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии аъзои ҳайати ХБА бо гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурии мо – Вазири рушди иқтисодӣ ва савдо Бобоев Ғ., Вазири молия Наҷмуддинов С., Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М. ва Раиси Кумитаи андоз Солиев Ҳ. баргузор гардид, ки дар ҷараёни он шарҳи рушди иқтисодӣ ва мақсади ташрифи ҳайат баррасӣ гардиданд.  Дар рафти фаъолияти хеш аъзои ҳайат нақша дорад дар Бонки миллии Тоҷикистон якчанд вохӯрию мулоқотҳо анҷом бидиҳад, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои сиёсати монетарӣ, тавозуни пардохт, мавзӯъҳои назорати бонкӣ ва ғайра муҳокима хоҳанд гардид. Илова бар ин, вохӯриҳои аъзои ҳайат бо як қатор роҳбарон ва мутахассисони Вазоратҳои молия, рушди иқтисодӣ ва савдо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар назар аст.  Интизорӣ меравад, ки ҳайати ХБА аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон пазируфта мешавад. Ҳамчунин, вохӯриҳои дигар бо гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор хоҳанд гашт.  Ташрифи ҳайати ХБА дар ҷумҳурии мо 17 май анҷом меёбад.

Диданд: 9442

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ