- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи апрел0,5%
- 3,4%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ34,9
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (апрел)9,93%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)12,55 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,13 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)15,19 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,74 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)22,47 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 09.06.2023 1 USD 10.9125 1 EUR 11.7386 1 RUB 0.1325
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Дар БМТ мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз баргузор гардид
16.05.2006
Масъалаҳои ҷалби сармояи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва хазинаҳои мамолики араб ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат дар ҷаласаи Мизи мудаввари байналхалқӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз, ки 15 майи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди барррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори Мизи мудаввари байналхалқӣ мушовири Президенти Бонки исломии рушд оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷаноби Башир Умар Муҳаммад Фадлаллаҳ, намояндагони Хазинаи Саъудии инкишоф, Хазинаи Қувейтии инкишофи иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарони вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, тандурустӣ, наклиёт, кишоварзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи мизи мудаввар изҳор гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ин робита Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсиаи муносибатҳои судманд бо Бонки исломии инкишоф (БИИ) ва шарикони он манфиатдор аст. Бонки исломии инкишоф ба ҷумҳурии мо асосан дар лоиҳаҳои бахши инфрасохтори давлатӣ, аз қабили тандурустӣ, нақлиёт, маориф, ва таъмини об кӯмак мерасонад. Маблағи ҷудонамудаи қарзҳо ва кӯмакҳои техникии БИИ ба мамлакати мо 111,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Баромадкунандагон ҳамчунин изҳор доштанд, ки то имрӯз БИИ ва хазинаҳои дар мизи мудаввар иштирокдошта барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун 113,6 млн. доллари ИМА ҷудо намудаанд, ки аз он аллакай 50,8 млн. доллари ИМА истифода шудааст. Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои соҳавӣ ба иштирокчиёни мизи мудаввари байналхалқӣ пешниҳод гардида буданд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуданд, зеро баъди муаррифии ҳар яки онҳо муҳокимаю баҳсҳои давомдор баргузор мегардиданд. Лоиҳаҳои номбурда, аз қабили – лоиҳаи «Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе – Вахш», «Сохтмони туннели Чормағзак», «Эҳёи шифохонаи инфексионӣ дар ш. Душанбе», «Анҷоми сохтмон ва таҷҳизонидани шифохонаи ҷумҳуриявии касалиҳои саратон», «Сохтмони НОБ-ҳои хурд дар маҳаллоти Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷаласаи номбурда ба меҳмонон 29 лоиҳаҳои инвеститсионӣ пешниҳод карда шуданд. Тибқи барномаи сафари намояндагони Бонки исломии инкишоф ва хазинаҳои инвеститсионии мамолики араб, меҳмонон тай ду рӯзи минбаъда бо Сарвазири ҷумҳурӣ ва роҳбарони як қатор вазоратҳо вохӯрию мулоқотҳо анҷом дода, аз баъзе объектҳои дар лоиҳаҳо нишондодашуда дидан менамоянд.

Диданд: 4902
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ