Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,7%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    22,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)10,31
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)
    9,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)
    12,35
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    22,06
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)
    20,66




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 15.06.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3478.78 3561.86
10 6870.60 7034.68
20 13595.10 13919.78
50 33749.55 34555.55
100 67334.34 68942.41

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вашингтон рафт

17.04.2006

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии баҳории соли равони Кумитаи молиявии Хазинаи байналмилалии асъор ва Кумитаи рушди Бонки ҷаҳонӣ ва гузаронидани гуфтушунидҳо бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи Барномаи қарзӣ доир ба сиёсати рушд, лоиҳаи кӯмаки техникии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва лоиҳаи кӯмакии техникии таҳкими низоми омори миллӣ 17 апрели соли 2006 ба ш. Вашингтон рафт.  Ба ҳайати ҶТ Мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов ва вазири молияи мамлакат С. Наҷмиддинов шомил мебошанд.  Сафари кори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 25 апрели соли 2006 давом меёбад.  Оиди бозхонди иҷозатномаҳои ҶСП «СТБ-Инвестбонк»  Бинобар сабаби аз ҷониби ҶСП ҶСП «СТБ-Инвестбонк» иҷро нагардидани талаботи қонунгузории бонкӣ, бо зарар анҷом додани фаъолияти он дар соли 2005 ва иҷро накардани талаботи ҳадди ақали сармоя Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва моддаҳои 36, 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» 14 апрели соли 2006 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (№132) аз ҶСП «СТБ-Инвестбонк» иҷозатномаҳо барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, аз қабили амалиётҳо бо асъори миллӣ аз 25 сентябри соли 2003, №30, бо асъори хориҷӣ аз 1 октябри соли 2003, №30/1 бозхонда шуданд.  Тибқи Қарори номбурда идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки қабули супоришномаҳои ҶСП «СТБ-Инвестбонк»-ро оиди пардохти маблағ аз ҳисобҳои корреспондентӣ боздоранд.  “FINA International” – Системаи назорати бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон  Дар Бонки миллии Тоҷикистон системаи нави муосири назорати бонкӣ FINA International (FINA) амал мекунад. Он дар асоси технологияҳои ахборотии муосир оид ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти молиявии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон амал менамояд.  Вазифаи асосии система ин таъмини мутахассисони назорати бонкӣ бо маълумоти дақиқ ва саривақтии молиявӣ мебошад. Ҷорӣ намудани FINA - ин натиҷаи кори муштараки Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), ширкати машваратии “BearingPoint” ва Бонки миллии Тоҷикистон аст. Система бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ба системаи босамари назорати бонкӣ ҷорӣ карда мешавад.  FINA – ин системаи пурра насбшаванда ва маҳаллӣ дар сатҳи истифодабаранда мебошад. Таѓйирот дар шаклҳои ворид-хориҷ ба барномасозии иловагӣ эҳтиёҷ надорад ва ҳар як корманди система, ки функсияҳои Excel – ро медонад, хеле зуд онро амалӣ карда метавонад. FINA – ин системаи платформааш озод аст, ки дар Windows ва UNIX (Linux, Solaris) бо 4 системаҳои базаи маълумот - MSSQL, Oracle, DB2 (нусхаи аввалин) ва MySQL метавонад фаъолият кунад. Бунёди сезинагӣ ва J2EE онро миқёсшаванда ва тақсимшаванда менамоянд. Натиҷаҳои асосии системаи FINA инҳо мебошанд: UBPR (Uniform Bank Performance Report), Early Warning Systems, Trends/Time Series. Ин система соли 2005 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.

Диданд: 2130

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ