Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи август
    - 1,2%
  • 6,5%
  • Пулҳои захиравӣ (август), млрд. сомонӣ
    34,3
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 22 августи с.2022)13,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Август)12,16
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)
    10,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)
    23,91
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    19,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    17,76




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 30.09.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи фуруш,
сомонӣ
Нархи бозхарид,
сомонӣ
5 2869.85 2813.02
10 5650.80 5538.90
20 11152.28 10931.45
50 27637.26 27089.98
100 55106.12 54014.91

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо гурӯҳи иқтисодӣ

22.01.2006

22 январ ноиби аввали Президенти Бонки ҷаҳонӣ ва иқтисодчии пешбари ҳамин бонк профессор Франсуа Бургунён бо сафари нахустини шиносоӣ ба шаҳри Душанбе омад.  23 январ дар бинои нави БМТ мулоқоти профессор Франсуа Бургунён бо гурӯҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти мамлакат Ф.Холбобоев, вазири молия С. Наҷмиддинов, Раиси БМТ М. Алимардонов, вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ Ғ.Бобоев, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент ва вазорати иқтисод ва савдо баргузор гардид.  Мушовири давлатии Президент ҷумҳӯрӣ Ф.Холбобоев дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки ташрифи ҷаноби Бургунён ба Тоҷикистон дар таҳкими барқарории муносибатҳои тарафайн миёни кишвари мо ва Бонки ҷаҳонӣ, дастгирии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон иқдоми муҳим ба шумор меравад. Ташрифи ҷаноби Буриниён ба робитаҳои тарафайн такони ҷиддӣ хоҳад дод.  Баъдан, Ф. Холбобоев меҳмони гиромиро бо вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ шинос намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки аз рӯи натиҷаҳои бадастомада дар соли 2005 ММД 6,7 фоиз зиёд гардида, сатҳи таваррум 7,1 фоизро ташкил дод. Қурби номиналии пули миллӣ дар давоми солҳои охир тамоюли устувор дорад.  Дар айни замон таҳияи Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар арафаи анҷомёбист.  Сипас, номбурда дар бораи дар давоми соли дуюми амали барномае, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, изҳор дошт, ки мо бо такмилу таҳкими дастовардҳои худ дар ин соҳа ислоҳоти сохториро вусъат медиҳем. Алалхусус, мо ният дорем, ки барои нигоҳ доштани сиёсати андозу буҷет дар заминаи таъмини афзоиши хароҷот ба соҳаи иҷтимоӣ, идома додани ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, идоракунии давлат ва хидмати давлатӣ, хусусигардонии корхонаҳои миёна ва бузург пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.  Профессор Франсуа Бургунён пас аз баёни мақсади сафари худ ба кишвари мо қайд кард, ки муваффақиятҳои Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз дастовардҳои назарраси ҷумҳурӣ дар роҳи иҷрои барномаи пешбининамудаи ҳукумат оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд.  Бонки Ҷаҳонӣ сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дастгирӣ менамояд.  Сафари Ноиби аввали Президенти Бонки ҷаҳонӣ 24 январи соли равон анҷом меёбад.

Диданд: 2339

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ