Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,7%
  • 9,9%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    23,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Феврал)10,57
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)
    9,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)
    24,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)
    12,50
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    21,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,48




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 05.04.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3219.75 3296.65
10 6352.54 6504.25
20 12558.98 12858.91
50 31159.25 31903.39
100 62153.73 63638.07

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2011

21.07.2011

      Натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2011, дар амал татбиқ намудани сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, қурби пули миллӣ, рушди низоми бонкӣ, пасандозҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 21 июли соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


 

   Ҳамон тавре ки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, чун семоҳаи якум дар шаш моҳи соли равон низ инкишофи мӯътадили иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат мушоҳида гардид ва дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд:

 

    1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

    Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД).                                                                                              

    Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 11,2 млрд. сомонӣ баробар шуда,  рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,9 фоизро ташкил намуд.

    Таваррум. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон меъёри таваррум 7,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, болоравии нархи хизматрасониҳо ва маҳсулоти хӯрокӣ дар ин давра аз ҳама бештар буда, мувофиқан 10,0 ва 8,0 фоизро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғайрихӯрокӣ бошад, 3,7 фоиз афзуд.

    Номбурда изҳор намуд, ки ҷараёни мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ, аз қабили  маводи  сӯзишворӣ,  гандум, орд ва равғани растанӣ ва инчунин баландшавии нархи маҳсулоти хусусияти мавсимидошта ба вуқӯъ омад. Ин ҳама дар навбати худ боиси афзудани хароҷоти истеҳсолӣ шуда, бевосита ба болоравии  нархи  молу  маҳсулоти алоҳида, аз қабили гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбар мусоидат намуд.

    Таварруми солона (барои 12 моҳи охир) бошад, дар ин давра ба 14,5 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

    Барои маълумот: (Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар давраи ҳисоботӣ дар бозори ҷаҳонӣ нархи миёнаи гандум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71,0%, равғани растанӣ 72,6% ва нафт то 42,9% боло рафт).

    Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 1,4 фоизро ташкил дод.

    Қурби сомонӣ нисбати доллари ШМА дар ин давра 6,02 фоиз паст гардид. Тағйирёбии мазкур асосан  зери таъсири  шокҳои ( садамаҳои)  беруна вобаста ба болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсуло-ти асосии воридотӣ (маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум) ба миён омад. Айни замон, вобаста ба паст гардидани фишорҳои таваррумӣ қурби  мубодилавии  пули  миллӣ мӯътадил  буда,   дар нуқтаи мувозинатии худ қарор гирифтааст.

 

    Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 млрд. 214,5 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 31,1 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 23,2 фоиз афзуда, ба 686,4 млн. долл. ШМА баробар шуд, воридот бошад, 34,8 фоиз зиёд шуда,   1 млрд. 528,1 млн. долл. ШМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо ба 841,7 млн. долл. ШМА баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9 фоиз зиёд аст.

    Сарфи назар аз тағйироти зиёд дар бозори ҷаҳонӣ ва фишорҳои таваррумӣ вазъи макроиқтисодии кишвар мӯътадилӣ ва тақвияти бештари нишондиҳандаҳоро инъикос намуд.

    2. Сиёсати пулӣ

    Вобаста ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар ва афзоиши фишорҳои таваррумӣ дар давраи ҳисоботӣ сиёсати қатъии пулию қарзӣ мавриди амал қарор гирифта, меъёри бозтамвил аз 8,25 фоиз то 9,0 фоизи солона зиёд карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 7,0 ва барои асъори хориҷӣ 9,0 фоиз бетағйир нигоҳ дошта шуд, изҳор дошт Ҷамшед Юсуфиён.

    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳандаи барномавӣ ба шумор меравад, ба санаи 30 июни соли ҷорӣ, 3 млрд. 139,1  млн.  сомониро  ташкил дода, нисбат ба аввали сол 5,0 фоиз ва назар ба ҳамин санаи соли гузашта 38,1 фоиз (866,4 млн. сомонӣ) зиёд аст.

     Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 2,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз он 21,4 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2011  ба  муомилот 418,9 млн. сомонӣ бароварда шуда, 230,4 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

      3. Рушди низоми бонкӣ (маълумоти фаврӣ)

    Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 139 адад расид. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 14 бонк, 2 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 45 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

    Пасандозҳо. Ба ҳолати 30 июни соли 2011 афзоиши пасандозҳо нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 33,9 фоизро ташкил дода, ба 3,7 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 60,4 фоиз зиёд гардида, 2,0 млрд. сомониро ташкил доданд.

    Фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,24 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,19 фоизро ташкил дод. Нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 3,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,4 банди фоизӣ кам гардиданд.

    Қарзҳо. Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 33,7 фоиз зиёд гардида, ба 4,4 млрд. сомонӣ баробар шуд.                                                                                                                             

    Дар  таркиби  он  48,9  фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 51,1 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 3,3 млрд. сомониро ташкил намуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 47,5 фоиз зиёд мебошад.

    Мӯҳлати миёнаи қарзҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои шахсони воқеӣ 192 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 309 рӯзро ташкил дод. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 23,13 фоиз ва бо асъори хориҷӣ бошад ба 22,43 фоиз баробар шуданд. Нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 1,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,2 банди фоизӣ кам гардиданд.    

    Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда назар ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 29,9 фоиз зиёд шуда, 1 млрд. 154,5 млн. сомониро ташкил дод.

    Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи ҳисоботӣ 23,5 фоиз зиёд гардида, ба 6,6 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 66,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба давраи марбутаи соли гузашта 18,4 фоиз афзудааст.

    Тавре таъкид гардид, дар ҷумҳурӣ айни замон 10 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият намуда, ба интиҳои давраи ҳисоботӣ 222 ҳазору 492 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки шумораи онҳо 2,8 маротиба зиёд гардидааст. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани теъдоди банкоматҳо то 290 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 258 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 113 адад мушоҳида шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли қаблӣ, мувофиқан 97 адад (50,3 фоиз), 100 адад (63,3 фоиз) ва 19 адад (20,2 фоиз) зиёд гардиданд. 

   

    Дар қисмати дуюми вохӯрӣ, ки барои ҳарду ҷониби сӯҳбат шавқовар ва судманд гузашт, намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба навигариҳо ва проблемаҳои низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат,  ташкили маркази протсессингии миллӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, мушкилот ва ҷараёни бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

Хадамоти матбуоти
БМТ


Диданд: 2278

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ