Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи декабр
    0,2%
  • 4,2%
  • Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ
    38,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (декабр)11,49%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)
    10,43 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)
    23,34 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)
    16,15 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)
    19,97 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)
    17,57 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 27.01.2023

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3303.87 3370.61
10 6520.60 6652.33
20 12894.84 13155.34
50 31998.47 32644.91
100 63831.88 65121.41

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 1 2
  • Яндекс.Метрика

Муаррифии Маркази протсессингии миллӣ дар БМТ

16.01.2012

         16 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони вазоратҳо, ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва хориҷӣ бахшида ба муаррифии Маркази протсессингии миллӣ ҷамъомад баргузор гардид.
         Маркази протсессингии миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ хизматрасониҳо оид ба ҷараён ва роҳандозӣ кардани амалиётҳои коркарди иттилоот, амалиётҳои транзаксионӣ ва молиявиро пешниҳод менамояд.
   Ҳамчунин Маркази протсессингии миллӣ ҳисоббаробаркуниҳои байниҳамдигарии иштирокдорони маркази мазкурро бо асъори миллӣ аз тариқи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
        Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зимни суханрониҳояшон дар ин ҷаласа иброз доштанд, ҳадафи асосии ташкили Маркази миллии протсессингӣ, ин таъмини соҳибихтиёрӣ, новобастагӣ аз низомҳои пардохтии хориҷӣ ва кам кардани хавфи таъсири омилҳои беруна ба инфрасохторҳои пардохтии Тоҷикистон мебошад.


        Имконоти Маркази протсессингии миллӣ номгӯйи пурраи хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкиро, аз қабили пешниҳод ва қабули маблағҳои пулӣ, пардохти харид ва хизматрасониҳо, интиқоли маблағҳо аз як корти пардохтӣ ба корти дигар, анҷоми амалиётҳои бонкӣ аз тариқи шабакаи интернет, (интернет-банкинг), алоқаи мобилӣ ва пайки бонкдорӣ (SMS –банкинг)-ро дар бар мегирад.


          Маркази номбурда дорои имкониятҳои васеъи технологӣ оид ба ин низом пайваст намудани банкоматҳо ва терминалҳои пардохтии бонкҳои иштирокдор, тайёр намудани кортҳои пардохтӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳо оид ба қабули пардохтҳои хизматрасониҳои соҳаҳои мухталиф (шабакаи интернет, алоқаи мобилӣ ва ғ.), пайвастшавӣ ба марказҳои протсессингие, ки ба бонкҳои Тоҷикистон хизмат мерасонанд, мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 6884

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ