Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 09.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3081.48 3155.07
10 6075.98 6221.09
20 12005.87 12292.59
50 29776.48 30487.59
100 59388.19 60806.49

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

10.04.2009 Шумораи ташкилотҳои қарзӣ зиёд шуданд.

Дар интиҳои семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 121 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 12 бонк, 7 ҷамъияти қарзӣ, як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 101 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият мекарданд. Дар ҳамин давра шумораи бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфта, теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 8 адад зиёд гардиданд.

10.04.2009 Афзоиши сармояи ташкилотҳои қарзӣ идома дорад

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар маҷмӯъ, ба ҳолати интиҳои семоҳаи аввали соли равон ба 1 089 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42,3% зиёдтар аст.

10.04.2009 Дороиҳои низоми бонкӣ меафзоянд

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати интиҳоисемоҳаи аввали соли равон ба 6 303,0 млн. сомонӣ баробар шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта – 0,6 фоиз зиёдтар мебошад.

09.04.2009 Қарзҳои хурд 401,3 млн. сомониро ташкил доданд

Қарздиҳии хурд аз самтҳои асосии фаъолияти низоми бонкии мамлакат оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна ба шумор меравад, ки он ба паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мусоидат менамояд.

09.04.2009 Қарздиҳӣ ба андозаи 3,2 фоиз афзуд

Маблағгузориҳои қарзӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2009 мӯътадил афзуданд. Мувофиқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии қарзҳо ба ҳолати 31 марти соли 2009 маблағи 5 014,3 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбати аввали сол 3,2 фоиз зиёд мебошад. Тамоили мусбии қарздиҳӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 аз ҳисоби зиёдшавии ҳиссаи қарзҳо бо пули миллӣ ба даст омадааст.

09.04.2009 Ҳаҷми ММД рӯ ба афзоиш дорад

Вазъи иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи аввали соли 2009 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфтааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли равон 3 312,5 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз афзуд.

09.04.2009 Сатҳи таваррум поин меравад

Сатҳи таваррум дар семоҳаи аввали соли равон 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ паст гардид. Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,6 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 5,6 фоиз ба амал омад.

09.04.2009 Амонатҳо ба андозаи 5,7 фоиз афзуданд

Тибқи маълумоти фаврӣ бақияи умумии амонатҳо дар семоҳаи аввали соли равон 2 023,8 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба охири соли 2008 ба андозаи 5,7 фоиз афзудааст.


Ахбор 4025 - 4032 аз 4141
Аввал | Пешӣ | 502 503 504 505 506 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ