Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 02.06.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2965.07 3035.88
10 5843.17 5982.71
20 11540.24 11815.84
50 28612.39 29295.71
100 57060.02 58422.72

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

07.06.2007 7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Авросиё баргузор гардид

Тавре хабар дода будем, 7 июни соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор гардид. Дар кори он ҳайатҳои зерин: Бонки марказии Белорус таҳти сарварии муовини аввали раиси раёсат Алимов Ю.М., Бонки миллии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раис Тоҷияков Б.Ш., Бонки миллии Қирғизистон таҳти сарварии муовини раиси раёсат Абдибали тегин Суеркул, Бонки марказии Русия таҳти роҳбарии муовини раис Можайсков О.В., Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раис Эшов Ҷ.К., Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини раис Эшматов М. Ё., Бонки байнидавлатӣ дар симои Туркадзе А. В., ҳамчунин намояндагони Оҷонсии Ҷумҳурии Казоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва муносибатҳои молиявӣ ва Бонки Авросиё ширкат варзиданд.

06.06.2007 7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад

7 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад. Дар кори он роҳбарони Бонкҳои марказии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бонкҳои миллии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Оҷонсии Ҷумҳурии Қазоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва ташкилотҳои молиявӣ, Бонки байнидавлатӣ, Бонки инкишофи иттиҳоди иқтисодии Авросиё ва Кумитаи интегратсионии иттиҳоди иқтисодии Авросиё ширкат меварзанд.

04.06.2007 Меморандум оиди ҳамкорӣ ба имзо расид

4 июни соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарияти бонк таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо ҳайати Бонки давлатии инкишофи Чин бо роҳбарии Раиси Мудирияти омӯзиш ва тарбияи бонки номбурда хонум Ванг Юан баргузор гардид.

28.05.2007 Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт баргузор гардид

29 майи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт, таҷдид ва сохтмони стансияҳои барқии гармидиҳанда бо истифодаи сӯзишвории ангишт, ки аз ҷониби Вазоати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баргузор гардид.

11.05.2007 Ҳайати навбатии ХБА ба Тоҷикистон омад

10 майи соли равон ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа ба мамлакати мо омад. Мақсади асосии ҳайат аз шинос намудани роҳбарияти сиёсии мамлакат бо натиҷаҳои муҳокимаи моддаи IV аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА, ки 28 марти соли ҷорӣ дар Вашингтон баргузор гардида буд, иборат мебошад.

26.04.2007 Натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2007 баррасӣ шуданд

25 апрели соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонк ва воҳидҳои сохтории он ширкат варзиданд.

06.04.2007 Мулоқот бо хабарнигори “Асахи Шимбун”

6 апрели соли равон вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо шореҳи рӯзномаи бонуфӯзи Ҷопон “Асахи Шимбун” ҷаноби Тедди Текейши баргузор гардид.

29.03.2007 Дар БМТ ҳамкориҳои техникии Бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария муҳокима шуданд

29 марти соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов намояндагони Бонки миллии Швейтсарияро таҳти сарварии Раиси тадқиқоти байналхалқӣ ва ҳамкориҳои техкикии бонки номбурда ҷаноби Вернер Херман, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо ҳузур доранд, ба ҳузур пазируфт.


Ахбор 4065 - 4072 аз 4121
Аввал | Пешӣ | 507 508 509 510 511 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ