Маркази матбуоти ҷашнҳои байналмилалӣ

Бойгонии ахбор
04.04.2012

Маркази матбуоти ҷашнҳои байналмилалӣ

    Дар рафти таҷлили ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва «Панҷумин Конференсияи ҳамкории Минтақавии Иқтисодӣ оид ба Афғонистон», ки рӯзҳои 25-27 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти ин чорабиниҳо ташкил карда шуд.
    Барои инъикоси чорабиниҳои мазкур ва сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти баргузории онҳо дар Маркази матбуот барои рӯзноманигорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо истифода аз имконияти мавҷуда хабарнигорони дохилию хориҷӣ тавонистанд маълумоти кофӣ ба даст оварда, ба таври оҷилӣ ба нашрияҳои хеш сари вақт ва бо сифати баланд интиқол диҳанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку