Ҳаҷми қарзҳо ба мизоҷон афзуд

Бойгонии ахбор
09.04.2012

Ҳаҷми қарзҳо ба мизоҷон афзуд

    Бақияи умумии қарзҳо дар охири феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз афзуда, 4 356,6 млн. сомониро ташкил намуд. Аз он ҷумла, бо пули миллӣ 1 861,2 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2 495,4 млн. сомонӣ қарз дода шудааст.
    Дар таркиби бақияи қарзҳо 30,2 фоиз ё 1 317,6 млн. сомониро ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,1 фоиз зиёд шуд. Дар ду моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низом бо пули миллӣ 19,79 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,01 фоизи солонаро ташкил намуд.
    Бинобар афзоиши талабот ба маблағҳои озод, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои мазкур нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз зиёд гардида, ба 447,3 млн. сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла, 90,7 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарз дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку