12.04.2012
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд
Тайи чанд рӯзи охири ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, дар худуди 4,8230-4,8450 сомонӣ қарор дошт.
Вале дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1620-0,1626 сомонӣ ва 6,2940-6,3140 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 12 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА дар ҳудуди 4,8330-4,8500 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ