13.04.2012
Меъёри бозтамвил як банди фоизӣ паст шуд
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил як банди фоизӣ паст гардида, дар сатҳи 8,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Амали мазкур дар доираи барномаи татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва танзими меъёрҳои фоизӣ дар низом татбиқ мешавад. Чанде қабл аз ин, 16 феврали соли равон меъёри бозтамвил 0,8 банди фоизӣ паст карда шуда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ