16.04.2012
Тағйирот дар меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарори худ меъёри фоизи захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо бо пули миллӣ ду банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ як банди фоизӣ паст карда, мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар намуд.
Санади номбурда бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот қабул карда шудааст. Вобаста ба ин, тамоми ҳисобкуниҳои марбут ба захираҳои ҳатмӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ тибқи қарори мазкур амалӣ карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ