19.04.2012
Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке баланд шуд
Дар давоми ду-се рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке баланд шуд ва 4,8280-4,8540 сомониро ташкил дод.
Ҳамчунин дар ин давра қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1618-0,1628 сомонӣ ва ба 6,3180-6,3380 сомонӣ баробар шуданд.
Қурби миёнаи долл. ИМА 19 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфта, чун рӯзҳои пешин дар ҳудуди қаблӣ боқӣ монд.
Хадамоти матбуоти
БМТ