Даъват ба ҳамкорӣ

Бойгонии ахбор
23.04.2012

Даъват ба ҳамкорӣ

   Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2012 №35 «Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда, мудири махсуси ташкилоти қарзӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврали соли 2012 №680 тасдиқ карда шудааст.
   Бо дарназардошти қабули Қоидаҳои мазкур хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани Шаҳодатномаи мудири махсус ва ё барҳамдиҳанда бо ариза ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
     Ба диққати хонандагон расонида мешавад, ки қоидаҳои зикргардида дар Сомонаи бонк дар зербанди «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ», боби «Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ» ҷойгир карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку