Озмун барои таҳсил дар ш. Москва

Бойгонии ахбор
05.05.2012

Озмун барои таҳсил дар ш. Москва

    Бонки миллии Тоҷикистон барои хатмкардагон ва хонандагони синфи 11-и мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ , ки бо баҳои хубу аъло таҳсилро анҷом додаанд,

О З М У Н
Э Ъ Л О Н  М Е Н А М О Я Д.

    Мақсади Озмун: Интихоби номзади лаёқатманд (як нафар) барои давом додани таҳсил дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядройи ш. Москваи Федератсияи Россия.

    Талабот ба номзадҳо:

    - хониши хубу аъло аз фанҳои забони русӣ, математика ва физика;
    - донистани забони русӣ (аъло).

    Номзадҳое, ки талаботи озмунро иҷро менамоянд, тибқи тартиби муайяншуда ба курси якуми Донишгоҳи номбаршуда аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ» гузаронида шуда, (баъд аз суҳбат дар ш. Москва), бо хобгоҳ ва идрорпули (стипендия)-и сазовор таъмин мегарданд ва баъд аз хатми таҳсил ба Бонки миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд. Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд, бояд пурсишнома (анкета)-ро пур намоянд. Комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон баъди омӯзиши амиқи пурсишномаҳои довталабон 10 нафар номзадро барои гузаронидани сӯҳбат ба бонк даъват менамояд.

    Пурсишномаҳо бояд бо нишонаи почтаи электронии OZMUN@NBT.TJ равон карда шаванд.

    Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-31, 600-32-32
    ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А

    Мӯҳлати қабули пурсишномаҳо - то 11 майи соли 2012, соати 17-00
    Рӯзи гузаронидани озмун 14 майи соли 2012, соати 17-30      
    Макони гузаронидани озмун – БМТ, хиёбони Рӯдакӣ 107А

Хадамоти матбуоти
БМТ

Нусхаи пурсишнома (анкета)-ро лутфан аз ин ҷо дарёфт намоед:

Возврат к списку