10.05.2012
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андак паст шуданд
Дар давоми ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, 4,8400-4,8690 сомониро ташкил намуд.
Дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андак паст шуда, мувофиқан ба 0,1599-0,1609 сомонӣ ва ба 6,2975-6,3175 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 10 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе мутавозун гашта, дар ҳудуди 4,8530-4,8700 сомонӣ қарор гирифт.
Хадамоти матбуоти
БМТ