Анҷоми овоздиҳӣ ба тангаҳои БМТ

Бойгонии ахбор
25.05.2012

Анҷоми овоздиҳӣ ба тангаҳои БМТ

    Аз 15 апрели соли равон дар сомонаи озмуни «Монетное созвездие – 2012» www.gold10.ru овоздиҳии интернетии тангаҳо барои дарёфти ҷоизаи «Приз зрительских симпатий»оғоз ёфтааст. Ҳамон тангае соҳиби ҷоиза мегардад, ки шумораи бештари овозҳоро ба даст орад. Овоздиҳии интернетӣ то 31 майи соли равон идома меёбад. Эълони натиҷаҳо ва супоридани мукофотҳо ба ғолибон 14 июни соли 2012 дар шаҳри Москва дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни «Монетное созвездие – 2012», дар доираи Сеюмин конференсияи байналхалқӣ ва намоишгоҳи тангаҳо КОИНС-2012 баргузор мегардад. Дар озмуни номбурда 250 тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва сиккахонаҳо аз 29 давлати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
    Тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба озмуни номбурда пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзанд, ба ифтихори «20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «20–солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил» ба муомилот бароварда шуда буданд.
    Дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмун бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз муштариён ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки тангаҳои миллии моро, ки дар озмун иштирок доранд, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи зерин:
http://www.gold10.ru/cgi-bin/coins2012_rus.cgi  изҳор намоянд.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку