29.05.2012
Меъёри бозтамвил бетағйир монд
Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, аз таърихи 24 феврали соли равон то ба имрӯз бетағйир боқӣ монда, дар айни замон 8,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаи дигари муҳими иқтисодӣ - сатҳи таваррум мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар чор моҳи аввали соли равон 1,9 фоиз ва дар моҳи апрел бошад, ба 0,7 банди фоизӣ баробар шуд. Дар давоми 12 моҳи охир бошад, он 5,1 фоизро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ