01.06.2012
Эътимод ба бонкҳо қавӣ мегардад
Ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи ташкилотҳои қарзии мамлакат, яке аз самтҳои асосиро ба худ касб мекунад. Ва тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, нишондиҳандаҳо дар ин ҷода рӯз то рӯз беҳтар шуда истодаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи апрели соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,0 фоиз афзун гардидааст.
Агар ба таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 42,6 фоиз ё 1 928,5 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 57,4 фоиз ё 2 596,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаи дуюмӣ, яъне ҳаҷми пасандози шахсони воқеӣ танҳо дар моҳи апрел қариб ду фоиз зиёд шудаанд.
Дар моҳҳои январ-апрели соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 16,66 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,64 фоизи солонаро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ