06.06.2012
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда афзуд
Бино ба маълумоти расмӣ бақияи умумии қарзҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 фоиз афзуд.
Фоизи миёнавазни қарзҳо бошад, дар низоми бонкии кишвар моҳҳои январ-апрели соли равон бо пули миллӣ 19,26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,86 фоизи солонаро ташкил намуд. Бинобар баланд шудани талаботи аҳолӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар ин давра афзоиш ёфта, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27,5 фоиз зиёд гардид.
Аз ин ҳисоб 198,7 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли қаблӣ 17,9 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ