14.06.2012
Дар ибтидои ҳафта қурби доллари ИМА паст шуда буд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар давоми чанд рӯзи аввали ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андак паст шуда буд ва дар худуди 4,8750-4,8850 сомонӣ қарор дошт.
Дар ин давра қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, ба 0,1480-0,1490 сомонӣ ва 6,0450-6,0650 сомонӣ баробар шуданд.
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 14 июн қурби миёнаи долл. ИМА нисбатан баланд шуда, 4,8800-4,8900 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ