26.06.2012
Сатҳи таваррум муътадил аст
Мувофиқи маълумоти мавҷудаи расмӣ дар моҳи маӣ сатҳи таваррум 0,4 фоизро ташкил намуда, бо гузашти панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 2,3 фоиз баробар шуд. Нишондиҳандаи номбурда дар давоми 12 моҳи охир бошад, 4,7 фоизро ташкил дод.
Таваррум дар моҳи май назар ба моҳи апрели соли ҷорӣ ба андозаи 0,3 банди фоизӣ поин рафта, раванди нигоҳ доштани муътадилии худро инъикос намуд.
Нишондиҳандаи дигари муҳими иқтисодӣ - меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, баъди тағийрёбии охири он дар моҳи феврали соли равон то ба имрӯз бетағйир боқӣ монда, дар айни замон 8,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ