Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
03.07.2012

Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд

   Нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар беҳтар гашта истодаанд.   
   Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, бақияи пасандозҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзуд.
   Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Масалан, 39,5 фоиз ё 1 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз ё 2 673,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
    Дар панҷ моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,82 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 13,62 фоизи солонаро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку