05.07.2012
Қурби миёнаи долл. ИМА боз поин фаромад
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА, каме паст шуда, 4,8533-4,8715 сомониро ташкил дод.
Дар ин миён қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ паст фаромада, мувофиқан ба 0,1460-0,1470 сомонӣ ва 6,0674-6,0886 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 5 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе боз поин фаромада, дар ҳудуди 4,8400-4,8600 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ