06.07.2012
Талабот ба қарзҳои хурд бештар гардид
Ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо бо мақсади пешниҳоди онҳо дар шакли қарз ба соҳаҳои мухталифи истеҳсолии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ яке аз вазифаҳои муҳими ташкилотҳои қарзии кишвар ба шумор меравад.
Тавре таҳлили маълумотҳои оморӣ нишон дод, дар панҷ моҳи аввали соли равон бақияи умумии қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд гардид.
Дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 19,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,16 фоизи солонаро ташкил намуд.
Дар панҷ моҳи соли 2012 бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба маблағҳо ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 257,1 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба сокинони ноҳияҳои дурдаст дода шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 18,4 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ