Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,2 банди фоизӣ паст карда шуд

Бойгонии ахбор
09.07.2012

Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,2 банди фоизӣ паст карда шуд

    Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 1,2 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,8 фоизи солона муқаррар карда шуд.
    Дигаргунии навбатӣ бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид карда шудааст.
      Қайд кардан бамаврид аст, ки маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 31 марти соли 2012 ба андозаи як банди фоизӣ паст карда шуда буд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку