Таъиноти нав дар ҶСК “Агроинвестбонк”

Бойгонии ахбор
11.07.2012

Таъиноти нав дар ҶСК “Агроинвестбонк”

   Чанде пеш дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» маҷлиси умумии солонаи саҳомони бонк баргузор гардида буд.
     Дар ҷараёни он саҳмдорони бонк масъалаҳои муҳими ташкилоти қарзӣ, аз қабили тасдиқи ҳисоботи солона, тасдиқи аудитори берунаи бонк, пеш аз мӯҳлат қатъ кардани ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирони бонк ва интихоби ҳайати нави он, дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавӣ, ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд ва нисбати ҳар яки онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
   Баъди маҷлиси умумӣ ҷаласаи Шӯрои нозирони бонк баргузор гардид ва дар рафти он Тағоймуродов Фаррух Ғолибович бо хоҳиши худ ва бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси бонки номбурда озод карда шуд. Дар ҷаласаи зикршуда бо қарори Шӯрои нозирони бонк Солиев Алишер Ҳакимович иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» таъин карда шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку