12.07.2012
Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ боз каме паст шуданд
Дар ҳафтаи ҷорӣ низ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке паст шуда, 4,8436-4,8547 сомониро ташкил дод.
Дар ин чанд рӯзи гузаштаи ҳафтаи равон қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ паст фаромада, мувофиқан ба 0,1455-0,1465 сомонӣ ва ба 5,9637-5,9954 сомонӣ баробар шуданд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз, 12 июл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, қурби миёнаи долл. ИМА дар ҳудуди 4,8400-4,8600 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ