Ҳамкориҳои Департаменти мониторинги молиявӣ густариш меёбанд

Бойгонии ахбор
18.07.2012

Ҳамкориҳои Департаменти мониторинги молиявӣ густариш меёбанд

    Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷаҳони муосир мебошад, ки тамоми давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили ин амали номатлуб мубориза бурда истодаанд. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ талаботи ФАТФ-ро амалӣ намуда, дар ҷаласаҳои умумии ФАТФ ва Гурӯҳи Авросиё иштирок мекунад ва доир ба корҳои анҷомдода ҳисобот пешниҳод менамояд. Дар ин самт Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақомоти кашшофии дигар давлатҳо ҳамкорӣ намуда истодааст.
    Ҳамчунин аз 9 то 13 июли соли ҷорӣ дар ш.Санкт - Петербург (Федератсияи Россия) ҷаласаи навбатии умумии Гурӯҳи Эгмонт баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти Департаменти мониторинги молиявӣ ширкат варзид. Гурӯҳи Эгмонт гурӯҳи махсуси байнахалқӣ буда, аз ҷониби намояндагони 24 давлати аъзои ФАТФ моҳи июни соли 1995 дар қасри Эгмонт - Аренберги Брюссел (Белгия) созмон ёфтааст. Мақсади он ташкили мақомоти нави кашшофӣ ва ҳамкорӣ дар бахши додугирифти маълумот мебошад. Зиёда аз 131 давлати ҷаҳон аъзои Гурӯҳи Эгмонт мебошад ва соле як маротиба дар давлатҳои аъзои гуногуни ин гурӯҳ ҷаласаи умумӣ доир мегардад. Тибқи талаботи Гурӯҳи Эгмонт танҳо мақомоти кашшофие, ки ба меъёрҳои гурӯҳ ҷавобгӯянд, аъзои он шуда метавонанд.
    Бо тавсия ва дастгирии Хадамоти федералии мониторинги молиявии Россия (Росфинмониторинг) ва Маркази мониторинги молиявии Бонки марказии Арманистон, Департаменти мониторинги молиявии БМТ барои аъзо шудан ба Гурӯҳи Эгмонт муаррифӣ гардид. Аз тарафи Гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқӣ, гурӯҳи тавсеа ва ҳамкории байналмилалии Гурӯҳи Эгмонт номзадии Департаменти мониторинги молиявии БМТ дастгирӣ ёфта, барои тасдиқ ба Ҷаласаи навбатии гурӯҳи мазкур пешниҳод гардид. Қайд кардан зарур аст, ки 11 июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатӣ номзадии Департаменти мониторинги молиявии БМТ аз ҷониби давлатҳои аъзои Гурӯҳи Эгмонт дастгирӣ ёфт ва он ҳамчун узви комилҳуқуқи Гурӯҳ эътироф гардид.
    Бартарии узвият дар Гурӯҳи Эгмонт ин густариш ва беҳтар намудани ҳамкорӣ, мубодилаи маълумоти иктишофӣ, истифодаи шабакаи муҳофизатшудаи мубодилаи маълумот ва иштироки мутахассисон дар барномаҳои омӯзишӣ мебошад.
    Инчунин дар рафти ҷаласаи умумии Гурӯҳи Эгмонт Меморандуми ҳамкорӣ байни Хадамоти давлатии мониторинги молиявии Украина ва Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба имзо расонида шуд. Тибқи Меморандум тарафҳо ҳамкориро дар самти мубодилаи иттилоот дар марҳилаи ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти дар ихтиёр доштаи худ оид ба амалиёти бо маблағҳои пулӣ ва дигар амволе, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва фаъолияти ҷиноятии бо он алоқаманд гумонбар дониста шудаанд, ба роҳ мемонанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку