Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА каме паст ва рубли русӣ боло рафт

Бойгонии ахбор
19.07.2012

Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА каме паст ва рубли русӣ боло рафт

   Тайи чанд рӯзи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА, каме паст шуда, дар ҳудуди ш. Душанбе 4,8450-4,8550 сомонӣ ва дар ш. Хуҷанд 4,8300-4,8400 сомонӣ қарор дошт.
    Вале дар баробари ин, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ андаке баланд гардида, мувофиқан ба 0,1471-0,1476 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 19 июл қурбҳои миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар атрофи 4,8300-4,8500, ш. Хуҷанд 4,8200-4,8400, ш. Курғон-теппа 4,8300-4,8500 ва ш. Хоруғ 4,8300-4,8500 сомонӣ қарор доранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку