Бойгонии ахбор
26.07.2012

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монданд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА паст шуда, дар ш. Душанбе ба 4,8230-4,8420 ва ш. Хуҷанд ба 4,8280-4,8395 сомонӣ баробар буд.
     Дар ин давра қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монда, мувофиқан 0,1461-0,1475 сомонӣ ва 5,8317-5,8544 сомониро ташкил доданд.
    Қурби миёнаи долл. ИМА имрӯз, 26 июл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8300-4,8500, ш. Хуҷанд 4,8425-4,8525 ва ш. Курғонтеппа 4,8400-4,8600 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку