09.08.2012
Қурби миёнаи долл. ИМА каме паст шуд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА каме паст шуд ва дар ш. Душанбе ба 4,8220-4,8415 ва дар ш. Хуҷанд ба 4,8180-4,8300 сомонӣ баробар буд.
Ҳамчунин дар ин давра, қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, мувофиқан 0,1482-0,1492 сомонӣ ва 5,8450-5,8680 сомониро ташкил намуданд.
Қурби миёнаи долл. ИМА имрӯз, 9 август дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8250-4,8450, ш. Хуҷанд 4,8200-4,8300 ва ш. Курғонтеппа 4,8200-4,8400 сомонӣ баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ