16.08.2012
Вазъи қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохила
Дар давоми ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ боз андаке паст шуда, дар ҳудуди ш. Душанбе ба 4,8200-4,8385 ва ш. Хуҷанд ба 4,8200-4,8360 сомонӣ баробар гашт.
Қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, нисбатан бетағйир монда, мувофиқан ба 0,1485-0,1495 сомонӣ ва 5,8580-5,8810 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 16 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8200-4,8400, ш. Хуҷанд 4,8250-4,8350 ва ш. Курғонтеппа 4,8200-4,8300 сомониро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ