21.08.2012
Таварруми моҳона 0,4 фоиз шуд
Дар давраи январ-июли соли ҷорӣ сатҳи таваррум 2,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз ва ғайриозуқа 4,1 фоиз ба амал омад.
Дар моҳи июл сатҳи таваррум ба 0,4 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, он ба 4,5 фоиз баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ