30.08.2012
Вазъи қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир монд
Дар давоми ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди ш. Душанбе ба 4,8133-4,8328 ва ш. Хуҷанд ба 4,8150-4,8260 сомонӣ баробар гашт.
Қурби миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад нисбатан паст шуда, мувофиқан ба 0,1488-0,1498 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи аз рӯи амалиёт бо евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 5,8706-5,9087 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 30 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори, дар худуди ш. Душанбе 4,8200-4,8350, ш. Хуҷанд 4,8200-4,8300 ва ш. Қурғонтеппа 4,8200-4,8400 сомониро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ