03.09.2012
Меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ 7,0 фоиз муқаррар гашт
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри фоизи захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ паст шуда, дар сатҳи 7,0 фоиз муқаррар карда шуд.
Тағйироти навбатӣ ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва раванди устувори низоми бонкӣ, бахусус беҳтар гардидани ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва то як андоза паст гардидани фоизи қарзҳо нигаронида шуда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат бевосита мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
БМТ